Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба журналистонро дар Душанбе маҳкум кард

Радиои Озодӣ

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время”-ро дар Душанбе шадидан маҳкум кард.

Ҳодиса 17 май баъди он рух дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафтанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

“Борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостем, ки фишорро алайҳи расонаҳои озод бас кунанд”, – гуфта мешавад дар изҳороти рӯзи 17 май нашршудаи Ҷейми Флай.

Ӯ гуфтааст, бори охир, моҳи феврали имсол, дар номае ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи ҳолатҳои аз парвонаи кор маҳрум шудан, озор ва таҳдидҳо ба зидди хабарнигорони Радиои Озодӣ муфассал навишта будааст .

“Вақти он расида, ки ҳукумати Тоҷикистон кӯшиши халалдор кардани гузоришдиҳии мустақилро, ки ба нафъи мардуми тоҷик аст, бас кунад”, – изҳор доштааст Ҷейми Флай.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 май дар Душанбе шахсони номаълум  ба хабарнигорони бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" – Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ ва хабарнигори "Настояшее Время" – Анушервон Орипов ва Насим Исамов ҳамла кардаанд. Аз онҳо ҳафт телефон ва як дастгоҳи наворгириро кашида гирифтаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...