Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба журналистонро дар Душанбе маҳкум кард

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время”-ро дар Душанбе шадидан маҳкум кард. Ҳодиса 17 май баъди он рух дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафтанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. “Борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостем, […]

Радиои Озодӣ

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время”-ро дар Душанбе шадидан маҳкум кард.

Ҳодиса 17 май баъди он рух дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафтанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

“Борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостем, ки фишорро алайҳи расонаҳои озод бас кунанд”, – гуфта мешавад дар изҳороти рӯзи 17 май нашршудаи Ҷейми Флай.

Ӯ гуфтааст, бори охир, моҳи феврали имсол, дар номае ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи ҳолатҳои аз парвонаи кор маҳрум шудан, озор ва таҳдидҳо ба зидди хабарнигорони Радиои Озодӣ муфассал навишта будааст .

“Вақти он расида, ки ҳукумати Тоҷикистон кӯшиши халалдор кардани гузоришдиҳии мустақилро, ки ба нафъи мардуми тоҷик аст, бас кунад”, – изҳор доштааст Ҷейми Флай.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 май дар Душанбе шахсони номаълум  ба хабарнигорони бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" – Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ ва хабарнигори "Настояшее Время" – Анушервон Орипов ва Насим Исамов ҳамла кардаанд. Аз онҳо ҳафт телефон ва як дастгоҳи наворгириро кашида гирифтаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.