Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд

Болот Темиров, рӯзноманигори қирғизистонӣ хабар дод, ки шиносномаҳои ӯро беэътибор донистаанд. Вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, беэътибор донистани шиносномаҳои вай бо талаби муфаттиш сурат гирифтааст. "Сарфи назар аз он ки парвандаи ман дар ҳоли баррасӣ аст, муфаттиш аз ҳадди салоҳиятҳои худ берун рафта, шиносномаҳои маро беэътибор кардааст. Ин амали ғайриқонунӣ аст, муфаттиш чунин салоҳият […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи марказӣ

Болот Темиров, рӯзноманигори қирғизистонӣ хабар дод, ки шиносномаҳои ӯро беэътибор донистаанд.

Вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, беэътибор донистани шиносномаҳои вай бо талаби муфаттиш сурат гирифтааст.

"Сарфи назар аз он ки парвандаи ман дар ҳоли баррасӣ аст, муфаттиш аз ҳадди салоҳиятҳои худ берун рафта, шиносномаҳои маро беэътибор кардааст. Ин амали ғайриқонунӣ аст, муфаттиш чунин салоҳият надорад. Ман ба додситонӣ муроҷиат кардам", – гуфт Темиров.

Темиров 18 апрел таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ширкати писари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар тендерҳои давлатӣ нашр кард. Рӯзи 19 апрел мақомот хабар доданд, ки нисбати Темиров парвандаҳои нав дар бораи "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" кушода шудааст. Темиров мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои касбиаш таъқиби ҷиноӣ мешавад.

Дар моҳи январи имсол низ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.