Дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баргузор шуд

Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 19 май дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия доир гардид. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода Туркияро яке аз шарикони асосии иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон номид. “Сол то сол […]

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 19 май дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия доир гардид.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода Туркияро яке аз шарикони асосии иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон номид.

“Сол то сол иштироки ширкату корхонаҳои Туркия дар иқтисоди кишвар афзуда, чорабинии имрӯза омили муҳим ва калидии таҳкими ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар мебошад. Ба туфайли сиёсати созандаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои сармоягузорон имтиёзу бартариҳои зиёд пешбинӣ гардида, инчунин рушди ҳакамӣ (арбитраж)-и байнулмилалии тиҷоратӣ дар кишвари мо гувоҳи ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон аст”, – зикр кард роҳбари Палата.

Ба кори ҳамоиш намояндагони 21 ширкати туркӣ аз соҳаҳои саноати сабук, мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра даъват шуда буданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 100 нафар соҳибкорон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат намуданд.

Зикр шуд, ки ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркия аз аввали соли равон 118,5 млн доллар, дар ҳамин давраи соли гузашта – 126,8 млн доллар ва дар соли гузашта – дар маҷмӯъ 390,5 млн долларро ташкил дод.

Дар рафти чорабинӣ доир ба Кодекси нави андоз, фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва коркарди пахта дар кишвар, инчунин  фаолияти корхонаи Coca-Cola маълумот пешниҳод гардид.

Қисмати дуюми ҳамоиши тиҷоратӣ дар шакли вохӯриҳои В2В доир гардида, соҳибкорони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони ширкатҳои туркӣ бевосита гуфтугӯ кунанд.

Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дошта, дар онҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак тамоми шароит фароҳам аст.

Чорабинии мазкурро Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Туркия  ташкил намуданд.

Суратҳо аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.