27 май. Рӯзи баргузории маҳфили 90-солагии Муъмин Қаноат маълум шуд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 27 май, соати 10 дар толори хурд барпо мешавад. Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод.

"Пас аз маҷлис, соати 14 дар толори бузург маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии устод Муъмин Қаноат доир мегардад", – навиштааст Ато Мирхоҷа дар сафҳаи фейсбукии худ.

Маҳфили шеъру суруд ба ифтихори 90-солагии шоири саршиноси тоҷик Муъмин Қаноат, ки қарор буд, соати 14.00-и 20-уми май дар Иттифоқи нависандагон баргузор шавад, ба далели марги Меҳмон Бахтӣ, раиси собиқи ин ниҳод ба вақти дигар гузошта шуд.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз бунёдгузорони шеъри нав  ва аз сардамдорони шеъри миллӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик аст, ки соли 2018 дар сини 86-солагӣ даргузашт.

Муъмин Қаноат солҳои зиёде дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба унвони муовини раис дар замони Турсунзода ва ба сифати раиси ин ниҳод пас аз марги Турсунзода то поёни Шӯравӣ кор мекард. Ӯ дар поёни умри Шӯравӣ вакили маҷлиси ИҶШС буд.

Маҷмӯаҳои ашъори Қаноат – «Шарора» ,«Ситораҳои замин», достонҳои «Мавҷҳои Днепр» (ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), «Оташ» (бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак), «Суруши Сталинград» (корномаи қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳон), «Тоҷикистон – исми ман» (даъват ба бедории миллӣ), «Гаҳвораи Сино»,«Ситораи Исмат», «Масъуднома» дурдонаҳои адабиётанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...