Эмомалӣ Раҳмон дар отряди марзбонии “Шамсиддин Шоҳин” бар мазори сарбозони кушташуда гул гузошт

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як сафари худ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз Фармондеҳии сарҳадии «Сари ғор»-и Отряди сарҳадии «Шамсиддин Шоҳин» дидан карда, дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки соли 1993 кушта шуда буданд, гулчанбар гузошт.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар, субҳи 26 май, бо нашри хабари оғози сафари сардори давлат ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин навиштааст, ки ӯ зимни суҳбат бо хидматчиёни ҳарбии Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо ишора ба вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон аз сарбозу афсарон талаб намуд, ки ба ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаҳои хидматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.

– Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзудааст, ки ҳоло ҷузъу томҳои Неруҳои марзбонӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ба талаботи замона мутобиқ гардонида шудаанд.

Дар идома, сардори давлат, марзбонони Фармондеҳии сарҳадии «Сари ғор»-ро ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсиси Неруҳои марзбонӣ табрик кардааст.

Ҳамчунин, раисҷумҳур дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ кушта шуда буданд, гулчанбар гузоштааст.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат менависад, ки ки моҳи июли соли 1993 қисмҳои низомии мухолифин – Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи назҳати ислом аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳамла карданд.

– Ҳангоми ҳуҷум намудани Ташкилоти террористию экстримистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми Тоҷикистону Федератсияи Русия 25 нафар сарҳадбони рус ба ҳалокат расид. Новобаста аз вазъи мураккаб ва нооромии сиёсии минтақаи сарҳадӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли фоҷеа ташриф оварда, бо сарбозон мулоқот анҷом доданд, – навиштааст хадамоти матбуотӣ.

Ин ниҳод, ҳамчунин гуфтааст, ки 24 майи соли 1994 низ Эмомалӣ Раҳмон аз дидбонгоҳи сарҳадии “Сари ғор” дидан намуда, дар назди маҷмааи ёдгории сарҳадбонон гулчанбар гузошта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...