Боздошти раиси Бахши ҷавонони Панҷакент: “мехост якеро аз хидмат озод кунад”

Раиси бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент, Афзалшоҳ Дӯстзода аз сӯйи мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент боздошт шудааст. Ин хабарро як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент таъйид мекунад. Манбаъ аз мақомоти милитсияи Панҷакент гуфт, ки Дӯстзода ба қаллобӣ гумонбар аст ва барои ҳамин дастгир шудааст. "Ӯ аз як нафар бо ваъдаи омода кардани билети ҳарбӣ як миқдор маблағ […]

Хуршеди Фозил, барои Asia-Plus

Раиси бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент, Афзалшоҳ Дӯстзода аз сӯйи мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент боздошт шудааст. Ин хабарро як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент таъйид мекунад.

Манбаъ аз мақомоти милитсияи Панҷакент гуфт, ки Дӯстзода ба қаллобӣ гумонбар аст ва барои ҳамин дастгир шудааст.

"Ӯ аз як нафар бо ваъдаи омода кардани билети ҳарбӣ як миқдор маблағ мегирад. Ҳол он, ки ин гуна ваколатро Дӯстзода надорад, – гуфт манбаъи "Азия-Плюс".

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, боздошти Афзалшоҳ Дӯстзода рӯзи 25-уми май сурат гирифтааст, ки гуфта мешавад ӯ дар асоси аризаи шикоятӣ боздошт шудааст. 

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир Дӯстзода дар боздошт, дар ШВКД Панҷакент қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир назари наздикони Дӯстзода дастрас нест, талошҳои мо барои дарёфти мавқеи онҳо натиҷа надод.

Санъат Тоҳирзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент  дар суҳбат "Азия-Плюс"  гуфт ҳоло ягон маълумоти расмӣ наомадааст ва дар ин бора чизе гуфта наметавонад.

Мирзоқосим Каримзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд низ аз қазия изҳорӣ бехабарӣ кард ва гуфт, ки маълумотро санҷида иловатан хабар медиҳад. 

Афзалшоҳ Дӯстзода моҳи марти имсол дар ин мақом таъин шуда буд. Аз ин пеш дар мақомҳои ёвари раиси шаҳри Панҷакент ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Панҷакент низ кор мекард.

Дар ҳоло ҳозир маълум нест, ки нисбати Афзалошоҳ Дӯстзода, парвандаи боз шудааст ё не. Манбаъ мегӯяд дар феълан санҷиш ва тафтиши қазия идома дорад.

Боздошти Дӯстзода дар ҳолест, ки дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ то кунун иҷро нашудааст.

Нақшаи даъват ба артиш, ки якуми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май давом мекунад, ки дар ҳоло ҳозр бино ба иттилои Вазорати то 23-юми май  дар сар то сари кишвар 94 дар сад иҷро шудаас, ки дар сатҳи минтақаҳо чунин аст: ВМКБ – 100%, Душанбе – 100%, дар вилояти Суғд 90 дарсад, вилояти Хатлон 94 дарсад ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 93 дарсад иҷро шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.