Дар зарфи 6 сол ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 37 баробар афзуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Тайи 6 соли охир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 37 баробар зиёд шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода бо муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов рӯзи 26 май зикр шуд, ки  дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ин нишондиҳанда ба 173,6 млн доллар расид, ки 40,5 млн доллар ё худ 30,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо мувофиқасозии сохтори лоиҳаи Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷрои протоколи қаблӣ ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатиро баррасӣ намуданд.

“Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда баён намуданд.

Ёдрас мекунем, ки бо сари ҳокимият омадани президенти амалкунандаи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 муносибатҳо байни ду кишвар ба сатҳи нав баромаданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...