Даҳҳо соҳибкорро барои боло бурдани нарх ҷарима кардаанд. Акнун, нархи маҳсулот паст мешавад?

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон даҳҳо соҳибкорро барои боло бурдани нархи маҳсулот беш аз 2 млн сомонӣ ҷарима кардааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, масъулини ин ниҳод дар пайи 74 санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 фурӯшандаҳо ва воридкунандагони маҳсулоти ниёзи аввалияро ба маблағи 2 миллиону 47 ҳазору […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон даҳҳо соҳибкорро барои боло бурдани нархи маҳсулот беш аз 2 млн сомонӣ ҷарима кардааст.

Дафтари матбуоти ин ниҳод бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, масъулини ин ниҳод дар пайи 74 санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 фурӯшандаҳо ва воридкунандагони маҳсулоти ниёзи аввалияро ба маблағи 2 миллиону 47 ҳазору 495 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ба таъкиди ин ниҳод, аз ҳисоби соҳибкорони ҷаримашуда 619 ҳазору 546 сомонӣ ба буҷа ворид шудааст.

– Дар маҷмуъ, дар семоҳаи якуми соли 2022 аз рӯи натиҷаи 74 санҷишҳои гузаронидашудаи нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маблағи 2 миллиони 47 ҳазору  495 сомонӣ аз ҳисоби вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ошкор гардида, маблағи 25 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима карда шудааст. Аз миқдори маблағи зикршуда ҳаҷми 619546,84 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ гузаронида шудааст, – гуфтанд аз Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон.

Ҷаримаи даҳҳо соҳибкори тоҷик дар ҳолест, ки сокинон аз баланд бардоштани нархи маҳсулот аз ҷониби фурӯшандаҳо пайваста шикоят мекунанд. Махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ба мисли орд, равған, гӯшт, шакар, биринҷ ва ғайра тайи як соли охир ба ҳадди гушношунид баланд шуданд. Масалан агар як сол пештар нархи як халта орди 50 кг 270 сомониро ташкил медод, ҳоло дар бозорҳо он аз 370 то 400 сомонӣ нарх дорад. Ҳамин тариқ, нархи равған ҳам назар ба як соли пеш қариб як баробар гарон шудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳамеша аз назорати бозор ва танзими нархи 19 маҳсулоти ниёзи аввалия, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, таъкид мекунанд, вале сокинон мегӯянд, кӯшиши онҳо самаре намедиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.