Екатеринбург: Ду муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 32-юм афтода ҳалок шуданд

Дар сохтмони як бинои баландошёна дар шаҳри Ектеринбург ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд. Таноби аробае, ки дар девори ошёнаи 32-юм буду онҳо дар болои он қарор доштанд, канда шуда, онҳо ба замин сарозер рафтаанд. Дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба “Азия-Плюс” далели марги шаҳрвандони кишварро тасдиқ намуданд. Ҳалокшудагон Далерҷон Тӯрақулови 27-сола ва Насимҷон […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар сохтмони як бинои баландошёна дар шаҳри Ектеринбург ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд. Таноби аробае, ки дар девори ошёнаи 32-юм буду онҳо дар болои он қарор доштанд, канда шуда, онҳо ба замин сарозер рафтаанд.

Дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба “Азия-Плюс” далели марги шаҳрвандони кишварро тасдиқ намуданд.

Ҳалокшудагон Далерҷон Тӯрақулови 27-сола ва Насимҷон Эшмуродови 33-сола, сокинони деҳаи Гулистон ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд.

“Роҳбари ширкати сохтмон дар интиқоли ҷасадҳо ба ватан ва дигар масоил кумак мекунад. Айни замон бародари яке аз ҳалокшудагон дар Екатеринбург қарор дошта, хешовандони фавтидаи дигар имрӯз аз Маскав меоянд”, – гуфтанд дар консулгарии генералӣ.

Ба иттилои манбаъ, шуъбаи тафтишоти ноҳияи Ленини Екатеринбург аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Тавре ки нашрияи онлайнии «Е1.RU» хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 26 май рух дода, таноби як тарафи ароба канда мешавад ва мардон аз ошёнаи 32-юм ба замин меафтанд.

Гуфта мешавад, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, гӯиё бори ароба аз меъёр зиёд ва хеле вазнин будааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.