Таэквондочиёни тоҷик дар Тошканд 9 медал ба даст оварданд

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо (WT) ба шарафи профессор Бак Мун Ҷонг варзишгарони тоҷик сазовори 9 медал гардиданд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон хабар медиҳад, мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 21-24 май дар шаҳри Ташканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Гуфта мешавад, дар ин […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо (WT) ба шарафи профессор Бак Мун Ҷонг варзишгарони тоҷик сазовори 9 медал гардиданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон хабар медиҳад, мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 21-24 май дар шаҳри Ташканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа беш аз 1200 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд.

Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 46 нафар – 36 варзишгар, 4 довар, 6 мураббӣ – дар мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Медалҳои нуқраро Абдуҷаъфари Баҳодур (45кг), Мино Шарифова (55кг) миёни наврасон, Фарида Ғуломова (пумсе) ва Муниса Ойматова (53кг) миёни калонсолон ба даст оварданд.

Зикр мегардад, ки Хосият Сафарова (41кг), Нурина Алиназарова (41кг) миёни наврасон, Муниса Исматова (57кг), Муҳаммадҷон Сунатов (63кг) ва Абумуталиб Мирзоев (58кг) миёни калонсолон соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.