Бензин ва гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзон шуданд. Ин дафъа ҳам 20 дирам

Мусои Бобоҳоҷӣ, Ҳалимҷон Ҷӯраев, Asia-Plus

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз каме поин рафт. Агар як ҳафта пеш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 1 литр газ 6 сомониву 40 дирам фурӯхта мешуд, пас имрӯз, 31 май он 6 сомониву 20 дирам нарх дорад.

Мувофиқи навиштаи лавҳаҳои электронии нуқтаҳои фурӯш, имрӯз нархи бензини АИ-92 – 10,80 сомони, АИ-95 – 11,30 сомонӣ муқаррар шуда, қаблан онҳо мутаносибан бо арзиши 11 ва 11,50 сомонӣ фурӯхта мешуданд.

Яъне нархи қариб ҳама навъҳои маводи сӯзишворӣ ба ҳисоби миёна 20 дирам поин рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, арзиши сӯзишвории дизелӣ дар Душанбе бетағйир боқӣ монда, арзиши 1 литри он 11,80 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар Суғд ҳам нархҳо поин рафтанд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ нархи маводи сӯзишворӣ поин рафт: дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта гази моеъ 20 дирам арзон шуд.

То 31 май 1 литр гази моеъ дар шаҳри Хуҷанд бо нархи 6,10 сомонӣ, бензини навъи АИ-92 – 10,80 сомонӣ, АИ-95 – 11,30 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – 11,80 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, нархи сӯзишворӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги воридкунанда паст шуда, поинравии нарх бештар ба ширкатҳои таҳвилгар вобаста аст.

Аммо коршиносони коршиносони бозори сӯзишворӣ поинравии нархи маводи сӯхтро ба болоравии қурби рубли русӣ нисбат ба доллар марбут медонанд.

Тибқи омори расмӣ, 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.

Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат ҶТ гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.

Қобили зикр аст, ки гароншавии маводи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш аз аввали моҳи март то охири моҳи апрели соли гузашта идома ёфта, лекин дар моҳи май вазъ дар бозор ба эътидол омад ва нархҳо каме поин рафтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...