Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи бандарҳои баҳрии Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастрасӣ ба бандарҳои обии Эрон, ҳамчунин истифодаи имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос барои ҳамлу нақли молу маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ин бора ӯ зимни нишасти матбуотӣ пас аз гуфтушунид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ изҳори назар кард. Аз ҷумла бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастрасӣ ба бандарҳои обии Эрон, ҳамчунин истифодаи имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос барои ҳамлу нақли молу маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ин бора ӯ зимни нишасти матбуотӣ пас аз гуфтушунид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ изҳори назар кард.

Аз ҷумла бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули мол ва тамосҳои башарӣ зарурати рушди зерсохтор ва пайвастани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.

“Ҷониби Тоҷикистон аз тадбирҳои муштарак барои бунёди роҳҳои заминӣ, ки ду кишварро бо ҳам мепайванданд, истиқбол менамояд”, – гуфт президент.

Бо таъкиди иқтидорҳои кофии мавҷуда дар соҳаи сайёҳӣ, ташаккули низоми мусоиди рафтуомад миёни ду кишвар барои рушди ҳамкориҳо дар ин ҷода мувофиқи мақсад дониста шуд.

Тақвияти минбаъдаи заминаи ҳуқуқӣ ва қарордодӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ҳамчун омили муҳимми тавсеаи муносиботи гуногунҷанбаи босамар арзёбӣ гардид.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар Теҳрон аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи олӣ дар ҳузури сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

Тибқи маълумоти омории Тоҷикистон, соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон ба 121 млн доллар расид, ки 2 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.