Аз ташкили кумитаҳои муштараки сармоягузориву соҳибкорон то Барномаи дарозмуддати тиҷоратӣ: Имзои 16 санад миёни Тоҷикистону Эрон

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз имзои 16 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон, бар пайи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон хабар медиҳад. Раисҷумҳури Тоҷикистон, асри 29-уми май бо як сафари расмии дурӯза вориди Теҳрон шуд. Ба гузориши Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар ҳузури сарону ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расидаанд: – Ёддошти тафоҳуми […]

Asia-Plus

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз имзои 16 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон, бар пайи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон хабар медиҳад. Раисҷумҳури Тоҷикистон, асри 29-уми май бо як сафари расмии дурӯза вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар ҳузури сарону ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расидаанд:

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Эрон;   

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили Кумитаи муштараки сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон;        

– Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ;

– Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон барои солҳои 2022- 2030;   

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ;   

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳифозати муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист;  

– Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гаршдишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

– Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба дар самтҳои асосии рушди харитасозӣ, геодезия, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон;    

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони биржа ва коғазҳои қиматноки Эрон;  

– Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон.    

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.