Қурби рубл дар Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ расид

Дар давоми як шабонарӯз қурби рубли Русия дар Тоҷикистон ба болотарин ҳадди худ расид. Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ тайи чанд рӯз аст, ки бетағйир боқӣ мемонад. Мувофиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 31 май 1000 рубл ба 177 сомонӣ баробар аст. Як рӯз пеш, 30 май он ба 167,5 сомонӣ баробар буд. […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар давоми як шабонарӯз қурби рубли Русия дар Тоҷикистон ба болотарин ҳадди худ расид. Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ тайи чанд рӯз аст, ки бетағйир боқӣ мемонад.

Мувофиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 31 май 1000 рубл ба 177 сомонӣ баробар аст. Як рӯз пеш, 30 май он ба 167,5 сомонӣ баробар буд.

Ба ин тариқ, дар давоми як шабонарӯз қурби расмии рубли Русия нисбат ба сомонӣ 9,5 фоиз боло рафт. Ин болотарин ҳадди қурби рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон аст. То ин дам қурби рубл нисбати сомонӣ аз 172 сомонӣ барои 1000 рубл боло нарафта буд.

Дар “бозори сиёҳ” вазъият каме дигар аст: 1000 рублро 170 сомонӣ харида, 174 сомонӣ мефурӯшанд.

Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ бетағйир боқӣ монда, тибқи қурби расмӣ барои 1 доллар имрӯз ҳам мисли дирӯз 11,40 сомонӣ медиҳанд.

Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро 1 ҳазору 150 сомонӣ харида, 1 ҳазору 180 сомонӣ мефурӯшанд.

Қурби евро низ дар давоми як шабонарӯз каме боло рафта, имрӯз 1 евро 12,26 сомонӣ ( рӯзи 30 май – 12,20 сомонӣ) нарх дорад.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин сар аз соли 2016 ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.