“Толибон” наздик ба сад хонаводаи тоҷикро аз Андаробҳо маҷбуран кӯчонидаанд

Толибон наздик ба сад хонаводаро дар Андаробҳои вилояти Бағлон, ки манотиқи тоҷикнишин мебошанду бо ин гурӯҳ дар мухолифати сахти фикриву низомӣ қарор доранд, иҷборан кӯчонидаанд. "Афғонистон интернейшнл" навиштааст, ки бино ба ёфтаҳои ин расона танҳо дар вулусволӣ (ноҳия)-ҳои Пулиҳисор ва Деҳсалоҳ 73 хонаводаро толибон маҷбур ба кӯчбандӣ кардаанд. Толибон ин хонаводаҳои деҳқону кишоварзонро бо иттиҳомӣ […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Толибон наздик ба сад хонаводаро дар Андаробҳои вилояти Бағлон, ки манотиқи тоҷикнишин мебошанду бо ин гурӯҳ дар мухолифати сахти фикриву низомӣ қарор доранд, иҷборан кӯчонидаанд. "Афғонистон интернейшнл" навиштааст, ки бино ба ёфтаҳои ин расона танҳо дар вулусволӣ (ноҳия)-ҳои Пулиҳисор ва Деҳсалоҳ 73 хонаводаро толибон маҷбур ба кӯчбандӣ кардаанд.

Толибон ин хонаводаҳои деҳқону кишоварзонро бо иттиҳомӣ ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд кӯчонидаанд. 

Дар Андароб чанд ноҳияе мавҷуд аст, ки дар миёни мардуми маҳаллӣ бо номи Андаробҳо маъруфанд.

"Афғонистон интернейшнл" менависад, ки бино ба иттилое, ки дар ихтиёри ин расона қарор гирифтааст, дида мешавад, ки ҳамаи ин хонаводаҳо ғайринизомиён буда, ба кишоварзӣ машғул будаанд.

Толибон ин хонаводаҳоро аз хонаҳояшон берун кардаву хонаҳояшонро ба қароргоҳҳои низомии худ табдил додаанд.  Толибон ба хонаводаҳое, ки кӯч дода шудаанд, гуфтаанд, ки онҳо ҳаққи зиндагӣ дар 9 вилояти шимолии Афғонистонро надоранд. 

Манбаъҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки Толибон ба ин хонаводаҳо ва бошандагони дигари Андаробҳо ҳушдор додаанд, ки агар хонаҳояшонро тарк накунанд, оқибати он ба дӯши худи онҳо хоҳад буд. 

Пас аз авҷ гирифтани ҳамла ва ҷангҳои неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ва Андаробҳо иттилоте нашр мешавад, ки Толибон дар ин манотиқ ба қатл ва кӯч додании маҷбурии сокинони маҳаллӣ даст мезананд. 

Ин кушторҳо ва кӯчҳои иҷборӣ аз сӯйи Толибон вокунишҳои зиёди дохиливу хориҷӣ дар пай дошт.

Ҳафтаи гузашта, Ричорд Бант, гузоришгари махсуси ҳуқуқи башари СММ пас аз поёни сафари 11-рӯзааш дар Афғонистон, гуфта буд, ки дар ин маврид иттилооти зиёде ба даст овардааст ва онро барои баррасӣ ба мақомоти марбути СММ расонидааст.

Аммо Толибон то имрӯз гузоришҳо дар мавриди кӯч додан ва қатли бошандагони Панҷшеру Бағлонро рад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.