Пас аз се рӯзи ғарқшавӣ ҷасади навраси 13-соларо аз дарёи Душанбе берун оварданд

Пас аз се рӯзи ғарқ шудан, ғаввосон ҷасади як навраси 13-соларо аз об берун кашидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар як изҳороте гуфт, сабаби марги наврас маълум нест, аммо тахмин задаанд, ки аз беназоратӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст. Ҷасади беҷонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ба онҳо […]

Пас аз се рӯзи ғарқ шудан, ғаввосон ҷасади як навраси 13-соларо аз об берун кашидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар як изҳороте гуфт, сабаби марги наврас маълум нест, аммо тахмин задаанд, ки аз беназоратӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.

Ҷасади беҷонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ба онҳо соати 15:25 дақиқаи рӯзи 26-уми май хабари дар дарёи Душанбе ғарқ шудани навраси 13-сола дар ҳудуди кӯчаи Нодираи шаҳри Душанбе расидааст. Бо гузашти се рӯз аз корҳои ҷустуҷӯӣ,  дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, рӯзи 28-уми май ҷасади наврасро аз умқи оби канал берун кашида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Гуфта мешавад, навраси ғарқшуда сокини 13-солаи кӯчаи Нодира,  бинои 97-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо нашри ин хабар, аз сокинони кишвар хостааст, фарзандони ноболиғи худро танҳову беназорат нагузоранд.

Сабаби аксари ҳодисаҳои нохуше, ки дар он кӯдакон қурбони он мешаванд, кумита аз беназоратӣ донистааст.

 Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.