Аз Toyota Land Cruiser то ГАЗ-24: дар Тоҷикистон чӣ қадар мошинҳои хидматӣ ҳастанд?

Ҳукумати Тоҷикистон шумори автомашинаҳои сабукрави хидматӣ барои мақомоти давлатиро муайян кард. Автомашинаҳои махсуси сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баъзе сохторҳои дигар ба ин номгӯй дохил нестанд. Мувофиқи қарор аз 26 апрели соли 2022 зери №179, барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ҷудо кардани 2090 адад автомобилҳои сабукрави хидматӣ (ба ҷуз автомашинаҳои махсус) муқаррар […]

Ҳукумати Тоҷикистон шумори автомашинаҳои сабукрави хидматӣ барои мақомоти давлатиро муайян кард. Автомашинаҳои махсуси сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баъзе сохторҳои дигар ба ин номгӯй дохил нестанд.

Мувофиқи қарор аз 26 апрели соли 2022 зери №179, барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ҷудо кардани 2090 адад автомобилҳои сабукрави хидматӣ (ба ҷуз автомашинаҳои махсус) муқаррар шудааст.

Аз ҷумла барои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, суд ва мақомоти прокураура 1 ҳазору 118 адад автомашина ҷудо карда мешавад.

Аз ҳама бештар автомашинаҳо – 160 адад дар хидмати Дастгоҳи иҷроияи президент қарор доранд.

Барои Кумитаи андоз 110 адад, Суди олӣ – 95, Вазорати молия – 92 ва Прокуратураи генералӣ 85 адад автомашинаҳои хидматӣ пешбинӣ шудааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иҷрои вазифаҳои худ аз 77 мошини сабукрав, Агентии омор – 73, Кумитаи идораи замин ва геодезия – 72 автомобилҳои хидматӣ истифода мебаранд.

Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об 23, Вазорати нақлиёт – 22, Вазорати меҳнат – 21, Вазорати тандурустӣ – 19, Вазоратҳои адлия ва рушди иқтисод – 13-тогӣ, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва кишоварзӣ – 9-тогӣ автомашинаҳои хидматӣ ҷудо карда мешаванд.

Барои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ 972 автомобил ҷудо карда мешавад, ки аз ин шумор ҳокимияти вилояти Хатлон бо 354, вилояти Суғд – 245, гуруҳи ноҳияҳои тобеи марказ – 218, ВМКБ – 100 ва шаҳри Душанбе – бо 55 автомашинаҳои хидматӣ таъмин карда мешаванд.

Аз ин шумор инчунин ба раҳбарияти ҳар кадоме аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ 1-тогӣ автомашина дода мешавад.

Байни автомашинаҳои хидматӣ бо тамғаҳои гаронбаҳои хориҷӣ – Toyota Land Cruiser, Lexux, KIA, Toyota ва ғайра дучор шудан мумкин аст. Арзиши онҳо дар бозор аз 8 то 30 ҳазор долларро ташкил медиҳад. То ҳол байни онҳо баъзан тамғаҳои замони шӯравӣ – ГАЗ-24 «Волга», ВАЗ-2101 «Жигули» ва ғайраро ҳам дидан имкон дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.