Толибон пойтахти Афғонистонро ба Қандаҳор мебаранд. Ҷузъиёти ҳукумати нави ин гурӯҳ

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки Толибон ба тавофуқ расидаанд, ки пойтахти сиёсии Афғонисторо аз Кобул ба Қандаҳор бикӯчонанд. Дар ин бора Солеҳ чанд лаҳза пеш дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст Амруллоҳ Солеҳ дар баробари ин ҳамчунин аз чанд нақшаи махфии Толибон ҳам пардабардорӣ кардаст. Аз ҷумла Солеҳ навиштааст, ки "дар натиҷаи машваратҳои […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки Толибон ба тавофуқ расидаанд, ки пойтахти сиёсии Афғонисторо аз Кобул ба Қандаҳор бикӯчонанд. Дар ин бора Солеҳ чанд лаҳза пеш дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст

Амруллоҳ Солеҳ дар баробари ин ҳамчунин аз чанд нақшаи махфии Толибон ҳам пардабардорӣ кардаст.

Аз ҷумла Солеҳ навиштааст, ки "дар натиҷаи машваратҳои сиррӣ (махфӣ) Толибон рӯйи як тарҳи сиёсӣ  ба хотири ба даст овардани машруъиятҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба тавофуқ расидаанд".

– Ҳифзи қароргоҳи кори Мулло Ҳайбатуллоҳ (аморат) дар вилояти Қандаҳор, яъне интиқоли пойтахти сиёсӣ ба сурати эълоннашуда ба он ҷоро  муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон, яке аз ҳадафҳои ин тарҳ гуфтааст. Далели инро ӯ  дар амон будан "аз талотумҳои сиёсӣ ва қиёмҳои мардумӣ" донистааст.

Ҷузъиёти дигари тарҳро Солеҳ чунин гуфтааст:

– баргузории интихоботи Вулуси Ҷирга (Маҷлиси намояндагон) зери назорати кумитае, ки аксари аъзои онро мавлавиҳои гуруҳи Толибон ташкил медодаанд ва раиси онро худи Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд таъин мекардааст; – ин кумита салоҳият доштааст, ки шарту шароити номзад шудан ва номнавис шудани номзадҳоро таъин мекардааст;

– аъзои пешини Вулуси Ҷирга ва шӯроҳои вилоятӣ ва онҳое, ки бо ҷумҳурият тааллуқ доштаанд, наметавонистаанд, ки номзади интихоботи Вулуси Ҷиргаи нав бошанд;

– вакил шудан (ваколат)-и занон мамнуъ шудааст ва ҳеч зане наметавонад дар ҳеч куҷое аз Вулуси Ҷирга кор кунад;

–  Садри Аъзам ё раиси ҳукумат аз сӯйи худи Мулло Ҳайбатуллоҳ ба Вулуси Ҷирга муаррифӣ мешудааст;

– порлумон танҳо ҳақ дорад, ки барномаи Садри Аъзамро  гӯш кунад, ҳаққи таъйид ва рад кардани онро надоштааст;

– Вулуси Ҷирга танҳо ба шакли хаттӣ ва бидуни баҳсҳо метавонад аз Мулло Ҳайбатуллоҳ бо эҳтиром хоҳиш кунад, ки шахси дигареро муаррифӣ намояд;

– Вулуси Ҷирга  ҳаққи интиқод болои Қандаҳорро надорад;

– Занон ҳақ надоранд аъзои ҳукумат (кобина) бошанд;

– Садри Аъзам дар раъси Шӯрои вазирон қарор мегирад ва ба сурати доимӣ ба Қандаҳор гузориш медиҳад;

– Кобул пойтахти идорӣ (корӣ) мешавад;

– вазирони дифоъ, дохила ва раиси истихборот мустақиман аз сӯйи Муло Ҳайбатуллоҳ  таъин мегарданд ва ба Садри Аъзам гузориш намедиҳанд;

– Қозиюлқузот (раиси Додгоҳи олӣ) намояндаи хоси Мулло Ҳайбатуллоҳ мебошад ва Вулуси Ҷирга ҳеч нақше дар таъини аъзои Страмаҳкама (додрасҳо, судяҳо) нахоҳад дошт;

– шиаҳо наметавонанд дар ҳеч як аз радаҳои баланди ҷувваи қазоия (додгоҳҳо) аъзо бошанд;

– Шӯрои олии уламо барои нигаҳбонӣ аз асли аморат эҷод мешавад, ки ҷойнишини Мулло Ҳайбатуллоҳро пас аз марг таъин мекунад;

–  ҳеч касе ба ҷуз Толибон узви ин Шӯро буда наметавонад;

– уламои шиа ҳаққи доштани узвияти ин Шӯроро надоранд;

–  қароргоҳи ин Шӯро ҳам дар вилояти Қандаҳор хоҳад буд;

– намояндаҳои ин Шӯро дар вилоятҳо ҳам таъин мешаванд, ки баландтарин мақоми шаръӣ  ва сиёсӣ ба шумор рафта, волиҳоро раҳнамоӣ мекунанд, яъне идораҳои вилоятӣ дубахша мешаванд – сиёсӣ ва идорӣ (корӣ);

– ҳеч ҳизб, анҷуман, шӯрои маҳаллӣ  дар ин низом иҷозаи фаъолият надорад;

– пас аз анҷоми Шӯрои машваратӣ – Луи Ҷирга матбуоти ғайридавлатӣ баста мешавад ва ё фаъолиятҳояшон маҳдудтар мешавад.

Амруллоҳ Солеҳ гуфтааст, ки ин иттилоъро аз манбаъҳои мувассақ ва нафарони соҳибмаълумот ба даст овардааст.

Толибон то кунун дар ин маврид ҳеч изҳори назаре накардаанд.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.