Як муштзани ҷавони тоҷик дар Челябинск даргузашт

Иброҳим Ҳасанови 18-сола, зодаи Тоҷикистон, муштзани тоҷик бар асари захмӣ шудан дар як мусобиқа дар бемористони шаҳри Челябински Русия даргузашт, гузориш медиҳад Chelyabinsk.online. Иброҳим дар вохӯрии нимфиналии мусобиқоти бокси наврасон, ки ба Рӯзи Ғалаба бахшида шуда буд, ширкат кард. Дар рафти мубориза нокдаун бе афтидан сабт шуд ва довар муборизаро аз сар гирифт.  Дар саҳифаи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Иброҳим Ҳасанови 18-сола, зодаи Тоҷикистон, муштзани тоҷик бар асари захмӣ шудан дар як мусобиқа дар бемористони шаҳри Челябински Русия даргузашт, гузориш медиҳад Chelyabinsk.online.

Иброҳим дар вохӯрии нимфиналии мусобиқоти бокси наврасон, ки ба Рӯзи Ғалаба бахшида шуда буд, ширкат кард. Дар рафти мубориза нокдаун бе афтидан сабт шуд ва довар муборизаро аз сар гирифт. 

Дар саҳифаи расмии Федератсияи бокси вилояти Челябинск дар ВКонтакте гуфта мешавад, ки ҳангоми супурдани ҷоиза варзишгар бемор шуд.

Табибон фавран ба варзишгар ёрии аввалӣ расонида, ёрии таъҷилиро даъват карданд. Муштзанро ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии вилоятии рақами 3 интиқол додаанд. Табибон шаш рӯз барои ҷони ӯ мубориза бурдаанд, вале бенатиҷа – ӯ рӯзи 2 июн даргузашт.

Иброҳим Ҳасанов дар шаҳри Челябинск таҳсил ва зиндагӣ мекард. Наздикону пайвандонаш тасмим гирифтаанд, ки ҷасади ӯро дар Тоҷикистон ба хок месупоранд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.