Дар Душанбе бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автобус 2 нафар ҳалок ва 9 нафар ҷароҳат бардоштанд

Дар Душанбе бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автобус ронандаи мошини сабукрав ва мусофири 18-солаи ӯ ба ҳалокат расида, 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад КҲФ. Гуфта мешавад, ки садама рӯзи 5 июн рух додааст. "Рӯзи якшанбе соати 9:16 ба пулти идораи Кумитаи навбатдории оперативӣ дар бораи рух додани садама дар шаҳри Душанбе сигнал […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар Душанбе бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автобус ронандаи мошини сабукрав ва мусофири 18-солаи ӯ ба ҳалокат расида, 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад КҲФ.

Гуфта мешавад, ки садама рӯзи 5 июн рух додааст.

"Рӯзи якшанбе соати 9:16 ба пулти идораи Кумитаи навбатдории оперативӣ дар бораи рух додани садама дар шаҳри Душанбе сигнал расид. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Душанбе ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум карданд, ки ронандаи 18-солаи мошини "Toyota Camry" як сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар болои пули "Путовский" идораи мошинро аз даст дода, ба автобуси мусофирбарии шаҳрӣ бархӯрдааст."

Бар асари ин ҳодиса ронанда ва мусофири ӯ як ҷавони 18-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади қурбониёнро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Номи кушташудагон эълом нашудааст.

Дар бархӯрд 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштаанд.  Онҳоро ба Маркази миллии тиббии "Шифобахш" бурдаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.