Неругоҳи Роғун натанҳо дастрасӣ ба барқи “сабз”, балки ба пешгирии офатҳо имкон медиҳад, – Эмомалӣ Раҳмон

Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар баробари истеҳсоли неруи барқи “сабз” ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори  захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ, хушксолӣ ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳад дошт, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 июн зимни суханронӣ дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба обу […]

Asia-Plus

Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар баробари истеҳсоли неруи барқи “сабз” ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори  захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ, хушксолӣ ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳад дошт, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 июн зимни суханронӣ дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба обу иқлим.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, тибқи Гузориши Ассотсиатсияи ҷаҳонии гидроэнергетикӣ таҳкими ин соҳа, дар баробари таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамчунин дар мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим метавонад нақши калидӣ дошта бошад.

Ба гуфтаи президент, дар гузориши мазкур зикр мешавад, ки то ду дараҷа дар ченаки Селсий (2°С) барои нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ барои давраи то соли 2050 тақрибан 850 гигаватт (ГВт) иқтидори иловагии барқи обӣ лозим мешавад.

Барои то якуним дараҷа дар ченаки Селсий (1,5°C) маҳдуд кардани болоравии ҳарорат зиёда аз 1200 гигаватт барқ зарур аст.

“Имрӯз дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт (МВТ) идома дорад”, – хотиррасон намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ зикр кард, ки тибқи ҳисоби мутахассисон, агар 17 млрд киловатт (кВТ) соат неруи барқе, ки дар “Роғун” тавлид хоҳад шуд, дар неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг истеҳсол гардад, партови гази карбон (CO2) ба атмосфера зиёда аз 13,5 млн тоннаро ташкил хоҳад дод.

Дар сурати истифода бурдани маводи нафтӣ он қариб 10 млн тонна ва дар мавриди истифодаи гази табиӣ зиёда аз 6,5 млн тоннаро ташкил медиҳад.

“Ҳамин тариқ, Неругоҳи “Роғун” дар коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфера саҳми хеле арзанда хоҳад дошт”, – чунин мешуморад президент.

Президенти Тоҷикистон инчунин зикр кард, ки Низоми ҳамгироишудаи ҳалли масъалаҳои об ва иқлим барои Тоҷикистон низ хеле муҳим аст, зеро захираҳои об дар рушди устувори кишвари мо нақши калидӣ доранд.

Вале дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим имрӯз зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд.

"Ҳол он, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои саноатӣ ба шумор намеравад ва 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ, манбаи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад", – изҳор намуд сарвари давлати Тоҷикистон.

“Мо аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ борҳо оид ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд сухан гуфтаем, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон. – Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чун ки пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванд ва захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд. Тибқи Гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйироти иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера, то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд”.

Тибқи ҳисоби коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар Сайёра ба шумор мераванд.

Зикр шуд, ки танҳо дар якчанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.