Русия ба пардохти нафақаи муҳоҷирон иҷоза дод: 1 млрд рубл дар як сол

Имсол Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гирифтани нафақа аз Русия ҳуқуқ доранд, 321 млн рубл, соли 2023 – 444 млн рубл ва соли 2024 – 1,01 млрд рубл ҷудо мекунад. Ҳукумати Русия шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистонро дар соҳаи таъминот бо нафақа маъқул шуморид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҳукумат […]

Имсол Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гирифтани нафақа аз Русия ҳуқуқ доранд, 321 млн рубл, соли 2023 – 444 млн рубл ва соли 2024 – 1,01 млрд рубл ҷудо мекунад.

Ҳукумати Русия шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистонро дар соҳаи таъминот бо нафақа маъқул шуморид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҳукумат хабар дода мешавад.

“Лоиҳаи қонуни федералӣ «Дар бораи тасвиби Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа» тасдиқ карда, бо тартиби муқарраршуда ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда шавад”, – омадааст дар хабар.

Шартнома байни кишварҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа 15 сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд.

Дар гузашта парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ созишнома бо Русия дар бораи таъминоти муҳоҷирон бо нафақаро тасдиқ карда буд.

Шартнома ба усули баробарӣ асос ёфта, масъулияти молиявии ҷонибҳоро оид ба пешниҳоди таъминоти суғуртавӣ ба ҳуқуқҳои нафақа, ки дар қаламрави онҳо гирифта шудааст, пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, муқаррар карда мешавад, ки дар ҳолати ба макони зисти доимӣ рафтани шахси суғурташуда ба давлати сеюм, пардохти нафақаи таъиншуда мувофиқи интихоби ӯ аз ҷониби тарафи гуфтушунидкарда, таъинкарда ё дар қаламрави ин кишвари гуфтушунидкарда идома меёбад ё ба қаламрави тарафи дигари гуфтушунидкарда гузаронида мешавад.

Бино ба маълумоти Regnum.ru, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунгузории Русия дар солҳои 2022-2023 ба синнусоли нафақа мерасанд, 3 932 нафар ва дар соли 2024 – 8 241 нафарро ташкил медиҳад.

Ба аввали соли 2022 маблағи миёнаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синнусол 6 902,82 рубл, соли 2023 – 7 697,48 рубл ва соли 2024 – 8 567,78 рублро ташкил медиҳад.

Хароҷоти марбут ба таъин ва пардохти нафақа ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, бо назардошти 354 нафар дар солҳои 2022 ва 2023 ва 724 нафар дар соли 2024 дар соли 2022 – 38,5 млн рубл (аз моҳи март то декабр) (3,8 млн рубл дар як моҳ) (маблағи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ – 10 178,31 рубл), дар соли 2023 – 49,5 млн рубл дар як сол (маблағи миёнаи нафақаи суғуртавӣ – 10,962,04 рубл) ва дар соли 2024 – 109 млн рубл дар як сол (маблағи миёнаинафақаи иҷтимоӣ – 11 904,78 рубл)-ро ташкил хоҳанд дод.

Тамоми хароҷот ба пардохти нафақаи суғуртавӣ, нафақаи андӯхта ва дигар пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андӯхтаи нафақа, инчунин нафақаи иҷтимоӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2022 – 321 млн рубл (аз моҳи март то декабр) (32 млн рубл дар як моҳ), соли 2023 – 444 млн рубл ва соли 2024 – 1,01 млрд рубл дар як солро ташкил хоҳад дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.