Таҳдидҳои нави Путин ба иншооте дар Укроин, ки то ин вақт худдорӣ мешуд

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, дар сурате, ки агар ба Украина мушакҳои дурпарвоз дода шавад, Русия ба иншооте зарба мезанад, ки то кунун аз ҳамла ба онҳо худдорӣ мекард. Як пора аз ин суҳбати президенти Русия дар телевизиони "Россия 1" нашр шуд. Ин нахустин мусоҳибаи Путин баъд аз 24 феврал – баъди содир кардани фармони […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, дар сурате, ки агар ба Украина мушакҳои дурпарвоз дода шавад, Русия ба иншооте зарба мезанад, ки то кунун аз ҳамла ба онҳо худдорӣ мекард.

Як пора аз ин суҳбати президенти Русия дар телевизиони "Россия 1" нашр шуд. Ин нахустин мусоҳибаи Путин баъд аз 24 феврал – баъди содир кардани фармони ҳамла ба Украина аст.

Путин тасмими ИМА оид ба ирсоли низоми партоби мушакӣ ба Украинаро шарҳ дод. Ба гуфтаи вай, чунин ирсолҳо "нав нестанд", зеро артиши Украина аслиҳаи ба ин монандеро дорад, ки дар даврони шӯравӣ истеҳсол шудаанд. Аммо агар ба ин низомҳо мушакҳои дурпарвоз насб шавад, Русия "хулосабарорӣ хоҳад кард". Путин нагуфт, ки дар ин сурат ба кадом иншооти Украина зарба хоҳад зад.

Президенти Русия ҳамчунин гуфт, ки Ғарб ҳадаф дорад бо ирсоли аслиҳа ба Украина низоъи мусаллаҳонаро тамдид кунад.

ИМА ҳафтаи гузашта тасмим гирифт, ки ба Украина низоми мушакии навъи HIMARS ирсол кунад. Дар ИМА шарт гузоштанд, ки низоми мушакии мазкур барои ҳамла ба ҳудуди Русия истифода нашавад. Фосилаи партоби низоми мушакии HIMARS 80 км-ро ташкил медиҳад, аммо дар сурати насби мушакҳои дурпарвоз ин низом метавонад, мушакҳоро ба фосилаи 300-500 км партоб кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.