Дар Дубай ба тоҷиконе, ки бо дучарха ба Ҳаҷ рафта буданд, раводид надоданд

Ба тоҷикистониёне, ки то Дубай расида дар роҳ ба сӯи макони муқаддаси ислом дар муддати 33 рӯз беш аз 3 ҳазор километрро тай карданд, додани раводид (виза) ба Арабистони Саудиро рад карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз онҳо Диловар Ғафуров. – Барои ба Арабистони Саудӣ рафтан ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба мо раводид надоданд. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ба тоҷикистониёне, ки то Дубай расида дар роҳ ба сӯи макони муқаддаси ислом дар муддати 33 рӯз беш аз 3 ҳазор километрро тай карданд, додани раводид (виза) ба Арабистони Саудиро рад карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз онҳо Диловар Ғафуров.

– Барои ба Арабистони Саудӣ рафтан ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба мо раводид надоданд. Гуфтанд, ки ба мақомоти кишварамон муроҷиат кунем, то ки ба мо раводид диҳанд, – иброз дошт Диловар.

– Мо албатта дар назар доштем, ки чунин мушкилот пеш омада метавонад, лекин ба ин сафари душвор мо барои он баромадем, ки синнамон аз 40-сола поин асту дар Тоҷикистон танҳо ба шахсони синни аз 40 то 65-сола иҷозаи сафари ҳаҷ дода мешавад, – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Диловар ва ду нафар дӯстонаш умедворанд, ки мақомоти кишвар ба мушкилоти онҳо расидагӣ карда, барои гирифтани раводид тариқи реҷаи онлайн кумак мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки се нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ бо дучарха ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд.

Онҳо ба ин сафар аз аввали сол омодагӣ гирифта, аввали моҳи май пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ба роҳ баромаданд.

Айни замон онҳо дар Дубай қарор доранд. То ба Арабистони Саудӣ расидан онҳо бояд боз 1890 километри дигарро тай кунанд.

Дар ин маводи мо дар бораи бо чӣ гуна душвориҳо дучор шудани сайёҳон дар ҷараёни сафар маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.