Имкони мунтахаби Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба Ҷоми футболи Осиё-2023 боз хубтар шуд

Asia-Plus

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек ҷараён дорад, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Сингапур ғолиб омад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид.

Дар бозии дигари ин гуруҳ соҳибони майдон – мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 бар тими Мянмар дастболо шуд.

Қобили зикр аст, ки дар даври аввали ин мусобиқа футболбозони тоҷик дастаи Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд. Дар ҷадвали гурӯҳи «F» Тоҷикистону Қирғизистон 6-имтиёзӣ ба даст оварда, лекин аз ҳисоби таносуби тӯбҳо (5:0) Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад. Аз ин рӯ, барои зинаи аввалро ишғол намудан дар гурӯҳ дар даври охир барои футболбозони тоҷик натиҷаи мусовӣ ҳам кифоя аст.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар 6 зергурӯҳ доир мегардад. Ғолибон ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гуруҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 14-уми июн бо тими мизбон –  Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Даври 3-юм

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Оғози бозӣ бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...