Марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023: Тоҷикистон – Мянмар – 4:0

Дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек оғоз шуд, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 4:0 бар дастаи Мянмар ғолиб омад. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муаллифони тӯбҳо ба дарвозаи ҳариф Шервони Мабатшоев (2-то), Манучеҳр Ҷалилов (аз зарбаи 11-метра) ва Эҳсони Панҷшанбе мебошанд. Дар бозии дигари ин […]

Asia-Plus

Дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек оғоз шуд, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 4:0 бар дастаи Мянмар ғолиб омад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муаллифони тӯбҳо ба дарвозаи ҳариф Шервони Мабатшоев (2-то), Манучеҳр Ҷалилов (аз зарбаи 11-метра) ва Эҳсони Панҷшанбе мебошанд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ соҳибони майдон – мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 бар тими Сингапур дастболо шуд.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар 6 зергурӯҳ доир мегардад. Ғолибон ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гуруҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд.

Бозиҳои боқимонда дар гуруҳи «F»

Даври 2-юм

11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3-юм

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Оғози бозӣ бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.