Тоҷикистон бори нахуст дар таърих ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё роҳхат гирифт

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сарфи назар аз натиҷаи бозии имрӯза, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба даври финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифт.

Ин баъди он маълум шуд, ки дар гуруҳи “В” мунтахаби Фаластин дастаи Филиппинро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб кард.

Дар марҳилаи интихобӣ дар 6 гуруҳ 4-дастагӣ бозӣ мекунанд. Мувофиқи регламент, ду дастаи зинаи аввали гуруҳҳо ба даври финалӣ мебароянд.

Дар даври финалӣ ҳамагӣ 24 даста иштирок карда, қаблан 13 даста аллакай ба ин давр роҳ ёфтанд. Мутаносибан, дар марҳилаи интихобии кунунӣ тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё, як дастае, ки байни дастаҳои зинаи дуюм аз ҳама камтар имтиёз ба даст меорад, аз иштирок дар даври финалӣ маҳрум мешавад. Филиппин 4 имтиёз (аз натиҷаи 3 бозӣ) ва Тоҷикистон 6 имтиёз (аз 2 бозӣ) дошта, аз ин рӯ, агар дар бозии имрӯза ба бохт дучор шавад ҳам, ба даври финалӣ роҳхат мегирад. Қирғизистон низ дар чунин ҳолат қарор дорад.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи “F” мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 14-уми июн бо тими мизбон –  Қирғизистон бозӣ мекунад, ки дигар барои роҳхат гирифтан ба даври финалӣ ба ҳар ду даста ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт.

Ин бозӣ дар Бишкек доир гардида, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро дар шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” тамошо кардан мумкин аст. Дар ду даври  пешин Тоҷикистон бар дастаҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) дастболо шуда буд.

Бозиҳо дар ҳамаи гуруҳҳо имрӯз ба охир мерасанд. Ба ҷуз Тоҷикистону Қирғизистон, тимҳои Ӯзбекистон, Таиланд, Ҳонконг, Ҳиндустон ва Баҳрайн низ ба даври финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Даври финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё аз 16 июн то 16 июли соли 2023 баргузор мешавад. Қарори дар куҷо доир гардидани Ҷоми футболи Осиё-2023 дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад. Қаблан баргузории и мусобиқа дар Чин пешбинӣ гардида буд, лекин ин кишвар қабули мусобиқаро рад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...