Захмӣ шудани се марзбони тоҷик бар асари тирпаронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Бар асари тирпаронии субҳи имрӯз дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се нафар марзбонони тоҷик захмӣ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Беморхонаи марказии Исфара. “Сарҳадбонҳо каме захмӣ шудаанд ва ҳоло кормандони тиб кӯмак мекунанд.  Вазъи саломатии онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад», – хабар дод манбаи «Азия-Плюс». Ҳамчунин маълум шуд, ки […]

Бар асари тирпаронии субҳи имрӯз дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се нафар марзбонони тоҷик захмӣ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Беморхонаи марказии Исфара.

“Сарҳадбонҳо каме захмӣ шудаанд ва ҳоло кормандони тиб кӯмак мекунанд.  Вазъи саломатии онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад», – хабар дод манбаи «Азия-Плюс».

Ҳамчунин маълум шуд, ки марзбони фавтида зодаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) буда, 26 сол доштааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, "ӯ аз тири снайпер аз дасти росташ захм бардошта, аз хунравӣ ҷон додааст."

Айни замон вазъият дар мавзеи “Кех” шиддатнок боқӣ монда, гуфтушунидҳо идома доранд.

“Аз ҷониби Тоҷикистон фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Исфара Баҳовуддин Баҳодурзода гуфтушунид доранд”, – хабар дод як манбаи “Азия-Плюс” дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Қирғизистон аз соати 6:00-и субҳ “бе ягон сабаб ё муноқиша ба тарафи мо тир холӣ карда, аз миномёту дигар яроқи ҷангӣ истифода кардаанд”.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Қирғизистон фарзияи дигар дорад

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон изҳор дошт, ки тахминан соати 7-и субҳ (6 – бо вақти Душанбе) аз ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба сӯи дидбонгоҳи сарҳадии “Булак-Бошӣ”-и Хадамоти мазбонии КДАМ Қирғизистон тир паронида шудааст.

Бино ба маълумоти марзбонони қирғиз, ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз норинҷакафкан (гранатомёт) ва миномётҳо тирпаронӣ кардааст.

Дар Хадамоти марзбонии Қирӯизистон хабар додаанд, ки дар тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.

Ёдрас мекунем, ки дар ҳамин мавзеъ 11 рӯз пеш байни марзбонони тоҷику қирғиз тирпаронӣ сурат гирифта, бар асари он 3 марзбон: 2 марзбони қирғиз ва 1 марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияе неруҳои Қирғизистонро дар оғози тиркушоӣ муттаҳам карда амалкарди онҳоро иғвои аз пеш барномарезишуда номида буд.

Дар навбати худ, ҷониби Қирғизистон низ дар як баёнияе неруҳои Тоҷикистонро дар ин даргирӣ муттаҳам карда гуфта буд, марзбонони тоҷик ғайриқонунӣ хатти марзро дар мавзеи Булоқбошии вилояти Бодканд убур карда ба қаламрави Қирғизистон гузаштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.