Дар Ӯзбекистон ду занеро, ки мехостанд ба Тоҷикистон 356 ҳазор доллар баранд, боздошт карданд

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд ду занеро, ки тариқи қочоқ 356 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузарониданӣ буданд, боздошт намуд, хабар медиҳад Раёсати ин Хадамот. Гуфта мешавад, занони сокини Бекобод ин корро бо дархости шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд иҷро мекарданд ва бояд барои “хидмати худ” мукофотпулӣ мегирифтанд. “Занон дар гузаргоҳи Бекобод боздошт шуда, […]

Asia-Plus

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд ду занеро, ки тариқи қочоқ 356 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузарониданӣ буданд, боздошт намуд, хабар медиҳад Раёсати ин Хадамот.

Гуфта мешавад, занони сокини Бекобод ин корро бо дархости шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд иҷро мекарданд ва бояд барои “хидмати худ” мукофотпулӣ мегирифтанд.

“Занон дар гузаргоҳи Бекобод боздошт шуда, зимни азназаргузаронии шахсии онҳо маълум мешавад, ки зани 42-солаи сокини шаҳр 166 ҳазор доллар ва зани 28-солаи ҳамсафари ӯ – 190 ҳазор долларро пинҳон кардаанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати занон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот роҳандозӣ шудааст.

Дар бораи шахсияти занону ба чӣ кор машғул будани онҳо маълумот дода намешавад.

Хадамот инчунин навори видеои боздошти занонро нашр кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.