Бар асари заминларза дар Афғонистон 250 нафар ҳалок шуданд

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ  бар асари заминларзаи шадид дар дар вулусволии Гиёни вилояти Пактико беш аз  250 нафар кушта ва теъдоди зиёде захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса ҳудуди соати 1:30 имшаб дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ рух додааст. Манобеи маҳаллӣ аз вулусволии Гиён ба  aamajnews.com гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса як русто ба гунаи комил вайрон […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ  бар асари заминларзаи шадид дар дар вулусволии Гиёни вилояти Пактико беш аз  250 нафар кушта ва теъдоди зиёде захмӣ шудаанд.

Ин ҳодиса ҳудуди соати 1:30 имшаб дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ рух додааст.

Манобеи маҳаллӣ аз вулусволии Гиён ба  aamajnews.com гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса як русто ба гунаи комил вайрон шудааст.

Бар асоси гузориши расонаҳо, танҳо ба бемористони вулусволии Аргуни Пактико 35 ҷасад ва беш аз 60 захмӣ оварда шудааст.

Намояндаҳои Толибон дар Пактико ва манобеи маҳаллӣ гуфтаанд, ки заминларза ба вулусволии Гиёни Пактико ва вулусволии Сипераи вилояти Хуст талафот ва хисороти зиёд ворид кардааст.

Бар асоси гузоришҳои аввалия, ин заминларза 6.1 балл гуфта шудааст, ки Кобул, вилоятҳои Пактико, Пактиё, Хуст, Лағмон, Ғазнӣ ва Лугуро низ такон додааст.

Дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии маълумот дар бораи талафот ва харобиҳо идома дорад.

Зимнан, заминларзае, ки дар Афғонистон рух дод, дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ эҳсос шудааст.  Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки заминларза 22 июн соати 01:55 дар қаламрави Ӯзбекистон, ки маркази он Афғонистон аст, мушоҳида шудааст.

Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу ғарбӣ 685 километрро ташкил медиҳад.

Дараҷаи заминларза дар манотиқи Ӯзбекистон: Вилояти Сурхондарё 3 балл 281 км, Вилояти Қашқадарё 2 балл 503 км, Вилояти Самарқанд 2 балл 536 км, Вилояти Ҷиззах 2 балл 567 км.

Дар бораи талафот ва хисорот дар Ӯзбекистон гузориш нашудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.