Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд

Ширкати амрикоии Second Wind маълумот дар бораи муҳоҷират ба ИМА бо гирифтани раводид (виза) тариқи сармоягузориро дар доираи барномаи ЕВ-5 барои солҳои 2011-2021 нашр кард. Ширкати мазкур маълумоти омори Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират тариқи сармоягузориро истифода кардааст. Дар маълумот зикр мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ҳамагӣ 8 раводид тариқи сармоягузориро ба даст овардаанд, […]

Ширкати амрикоии Second Wind маълумот дар бораи муҳоҷират ба ИМА бо гирифтани раводид (виза) тариқи сармоягузориро дар доираи барномаи ЕВ-5 барои солҳои 2011-2021 нашр кард.

Ширкати мазкур маълумоти омори Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират тариқи сармоягузориро истифода кардааст.

Дар маълумот зикр мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ҳамагӣ 8 раводид тариқи сармоягузориро ба даст овардаанд, аз ҷумла 7 раводид дар соли 2015 ва 1 раводид дар соли 2016.

EB-5 — барномаи давлатии ИМА барои додани раводиди муҳоҷират ба сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Раводидҳо тариқи сармоягузорӣ дар доираи ин барнома ҳамасола дар баробари “грин-корт (ҳуҷҷати иҷозаи иқомат) дода мешаванд ва бо гузашти 5 сол гирифтани шаҳрвандии ИМА имконпазир мешавад. Ҳаҷми ҳадди ақали сармоягузорӣ ба иқтисоди ИМА тибқи ин барнома бояд на камтар аз 800 ҳазор долларро ташкил диҳад.

Гуфта мешавад, соли 2021 шумори раводидҳои ЕВ-5, ки ба шаҳрвандони Русия ва кишварҳои ИДМ дода шудааст, ба таври назаррас кам шуд.

Ба ин тариқ, сармоягузорони Русия ҳамагӣ 9 чунин раводид гирифтаанд, ки 4 баробар камтар нисбат ба як соли пеш ва 9 баробар камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Байни кишварҳои ИДМ дар баробари Русия соли гузашта танҳо ба шаҳрвандони Озарбойҷон (4 раводид) ва Арманистон (1 раводид) муяссар шудааст, ки чунин раводидҳо гиранд.

Сабаби коҳиши назарраси пешниҳоди раводиди ЕВ-5 дар Русия ва кишварҳои ИДМ баста шудани консулгариҳо, инчунин фаъолияти бесамар ва нокофии хадамоти ИМА оид ба баррасии аризаҳо маънидод мешавад.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ давоми солҳои 2011-2021 шаҳрвандони Қазоқистон нисбатан бештар раводидҳо тариқи сармоягузории ИМА-ро соҳиб шудаанд – ҳамасола аз 5 то 18 раводид.

Тӯли ин солҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон 12 раводид ва Туркманистон 1 раводиди ИМА тариқи сармоягузориро гирифта, дар бораи Қирғизистон дар мавриди ин масъала маълумот дода намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.