Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад

Алимшоҳ Меҳрзода, Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ин пешниҳодро иштирокчиёни конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир», ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор шуд, матраҳ кардаанд.

Дар ин конфронс Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ ширкат дошт, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси вилоят.

"Бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш менамоем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм бо унвони олии Ватан – “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонанд", – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ба Эмомалӣ Раҳмон боз чӣ пешниҳод шуд?

Эмомалӣ Раҳмон айниҳол унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро дорад, ки соли 1999 барои расидан ба ваҳдати миллӣ ба ӯ дода шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дубора ба раисиҷумҳур додани унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" пешниҳод мешавад.

Соли 2019 ҷавонони Кӯлобу Турсунзода бо чунин пешниҳод ба парлумон ва ҳукумат муроҷиат карда буданд.

«Барои хизматҳои бебаҳои таърихӣ дар назди халқи тоҷик дархост мекунем, ки ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад», – гуфта мешуд дар муроҷиати намояндагони ҷавонон.

Қобили зикр аст, ки қабл аз онҳо сиёсатмадори тоҷик Ҳикматулло Насриддинов низ чунин пешниҳод карда буд.

Ҳамчунин чандин маротиба дархост шуда буд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шавад.

Соли 2019 бо чунин пешниҳод муовини вақти декани факултети муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон Афзалшоҳ Бобозода ва донишҷӯи соли сеюми ин факултет Заррина Саидова изҳори назар карда буданд.

Раҳматулло Каримзода, котиби матбуотии Академия ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфта буд, ки ин иқдоми шахсии онҳост ва ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ рабте надорад.

Боз ҳам сиёсатмадор Ҳикматулло Насриддинов дар соли 2016 пешниҳод карда буд, ки раисиҷумҳур ба унвони номзад ба дарёфти ин ҷоиза расман пешбарӣ шавад.

Ба назари ӯ, Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷоиза бештар аз Барак Обама, раисиҷумҳури пешини Амрико, ки онро гирифтааст, сазовортар аст.

Ҳамчунин, Ҷамъияти ӯзбекҳои Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷоизаи сулҳ дар соли 2018 номзад пешбарӣ шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...