Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи ғарқшавии наврасон ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Як ҷавони 18-солаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара,  ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш  аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ ба аёдати хешу табораш ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон […]

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи ғарқшавии наврасон ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Як ҷавони 18-солаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара,  ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш  аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ ба аёдати хешу табораш ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта будааст.

"Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ соати 18:30 дақиқа ҷасади номбурда 5 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд", – омадааст дар хабарнома.

"Як навраси 16-сола ҳам рӯзи 21-уми июни соли равон дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст", – илова намудааст дафтари матбуотии КҲФ.

Гуфта мешавад ӯ сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст. Сабаби ғарқ шуданаш маълум нест.

"Рӯзи 23-уми июни соли 2022 наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд", – зикр шудааст дар хабар.

Тибқи маълумоти КҲФ, аз оғози соли равон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 67 нафар ғарқ шудаанд, ки 40 нафарашон кӯдакону наврасони аз 4 то 16-сола мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.