Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?

Давоми моҳҳои январ-майи соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,9%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,5 банди фоизӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 6,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 2% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – […]

Давоми моҳҳои январ-майи соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,9%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Ин нишондиҳанда 0,5 банди фоизӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 6,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 2% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 0,7% арзон шуданд.

Аз маҳсулоти озуқаворӣ гуруҳи маҳсулоти зерин бештар гарон шуданд:

– қанд (шакар) – 9,61%;

– маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 13,9%;

– сабзавот – 9,5%;

– шир – 8,8%;

– мева – 7,7%;

– моҳӣ – 5%.

Арзиши маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи зерин боло рафт:

– сӯзишвории дизелӣ – 8,4%;

– маводи шустушӯ – 8,2%;

– маҳсулоти доруворӣ – 8%.

Дар мавриди поин рафтани нархҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Агентии омор инро дар навбати аввал ба арзоншавии гази моеъ ба андозаи 14,1% нисбат медиҳанд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.