Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 5 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғ ва моҳӣ ба таври назаррас зиёд шудааст. Аз оғози соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 17,7 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки 23,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Ҳаҷми афзоиши истеҳсоли […]

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 5 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғ ва моҳӣ ба таври назаррас зиёд шудааст.

Аз оғози соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 17,7 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки 23,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳаҷми афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ дар вилояти Хатлон 27,2%, дар вилояти Суғд – 22,2% ва Ноҳияҳои тобеи марказ -21,2%-ро ташкил додааст.

Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли тухми мурғ то 487,5 млн дона расидааст, ки 27,1% бештар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳаҷми афзоиши тухм дар вилояти Суғд ба 35,2% ва Ноҳияҳои тоби марказ – 16% баробар шудааст.

Давоми 5 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 1 ҳазору 43 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 33,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дар ин давра моҳӣ аз ҳама зиёдтар дар вилояти Хатлон истеҳсол шудааст, ки 708 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47% бештар аст.

Ғайр аз ин, дар ин давра дар Тоҷикистон зиёда аз 58 ҳазор тонна гӯшт, ҳудуди 298 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст, ки 2-3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.