Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

Тоҷикистон ва Чин масоили рушди минбаъда ва густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу маориф ва тандурустӣ, инчунин соҳаи тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ карданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси ШуМин мулоқот анҷом дод. Тавре ки хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр […]

Тоҷикистон ва Чин масоили рушди минбаъда ва густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу маориф ва тандурустӣ, инчунин соҳаи тандурустӣ ва кишоварзӣ баррасӣ карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси ШуМин мулоқот анҷом дод.

Тавре ки хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр хабар медиҳад, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Чин ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Инчунин ҳавасмандии ҳар ду ҷониб ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни шаҳрдории Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таъкид шуд.

Гуфта мешавад, ба сафорати Чин дар Тоҷикистон  барои мусоидат дар расонидани кумаки моддии Ҳукумати Чин дар шакли ваксинаҳои зидди короновирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ ва техникаҳои коммуналии замонавӣ изҳори сипос карда шуд.

Зикр мегардад, ки дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.