Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон вохӯрии муовии вазири ин ниҳод Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо доир гардид. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки ширкати атриётӣ бо […]

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон вохӯрии муовии вазири ин ниҳод Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо доир гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриёти ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар он шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд ва роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз Тоҷикистон мебошад.

“Айни замон тасмим гирифта шудааст, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда  ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд, – омадааст дар хабар. – Яке аз талаботи асосӣ донистани забони англисӣ мебошад”.

Гуфта мешавад, ичунин, зимни мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷом тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.