Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022

Имрӯз, 24 июн дар Минтақаи марказӣ марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 оғоз мешавад. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаҳои КМВА (ЦСКА,  (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар ин мусобиқоти бошукӯҳи бошгоҳии Осиё ширкат мекунанд. Гуфта мешавад, дар гурӯҳи «Е» рақибони барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Алтин Асир» […]

Имрӯз, 24 июн дар Минтақаи марказӣ марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 оғоз мешавад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаҳои КМВА (ЦСКА,  (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар ин мусобиқоти бошукӯҳи бошгоҳии Осиё ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар гурӯҳи «Е» рақибони барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар гурӯҳи «F» ноибқаҳрамони Тоҷикистон «Хуҷанд» барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон «Дордой» ва барандаи Ҷоми Туркманистон «Копетдаг» мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро Бишкек мизбонӣ мекунад.

Зикр мегардад, ки -олибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА мегирад.

Ҷоми КФО- 2022

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

Иштирокчиён: «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Алтин Асир» (Туркманистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

22:00 – «Алтин Асир» (Туркманистон) – КМВА (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «Сугдиёна» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»

Иштирокчиён: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Копетдаг» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Дордой» (Қирғизистон) – «Копетдаг» (Туркманистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.