Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”

Имрӯз дар Улан-Батор (Муғулистон) сайри ҷаҳонии ҷудо – мусобиқаи байналмиалии “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” оғоз меёбад, ки дар он се намояндаи Тоҷикистон – Амирҷон Насимҷон дар вазни 90 кг, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг ширкат меварзанд. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври аввал паҳлавонони тоҷик  – […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Улан-Батор (Муғулистон) сайри ҷаҳонии ҷудо – мусобиқаи байналмиалии “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” оғоз меёбад, ки дар он се намояндаи Тоҷикистон – Амирҷон Насимҷон дар вазни 90 кг, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг ширкат меварзанд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври аввал паҳлавонони тоҷик  – Беҳрӯз Хоҷазода (25 июн) ва Амирҷон Насимҷон (26 июн) бо варзишгарони Муғулистон қувваозмоӣ мекунанд.

Сомон Маҳмалбеков бинобар сабали аланд будани рейтингаш аз даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Шаҳром Аҳатов (Ӯзбекистон) – Бенс Борос (Маҷористон) рақобат мекунад.

Гуфта мешавад, дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 давлат дар назар аст.

Фонди умумии мусобиқа 154 ҳазор долларро ташкил дода, ғолибон бо 5 ҳазор , зинаи дуюм – 3 ҳазор ва дорандагони медали биринҷӣ – бо 1500 евро мукофтпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Зимнан зикр мешавад, ки Гранд Слами Уланбатор шашум мусобиқа аз силсилаи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо мебошад. Варзишгарони тоҷик дар панҷ мусобиқаи гузаштаи соли 2022 се медал ба даст овардаанд: Комроншоҳ Устопириён (-90кг) моҳи январ дар Гран Прии Португалия, Темур Раҳимов моҳи феврал дар Гранд Слами Тел Авив ва моҳи апрел дар Гранд Слами Анталия медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.