Мавқеи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 6 зина беҳтар шуд

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии нави Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) беҳтар кард. Мавқеи даста таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Мегрт аз зинаи 114-ум то зинаи 108-ум боло баромад. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мавқеи даста ба туфайли ҳунарнамоии муваффақона дар марҳилаи интихобии гуруҳӣ дар Ҷоми Осиё беҳтар шуд. Дар […]

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии нави Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) беҳтар кард. Мавқеи даста таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Мегрт аз зинаи 114-ум то зинаи 108-ум боло баромад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мавқеи даста ба туфайли ҳунарнамоии муваффақона дар марҳилаи интихобии гуруҳӣ дар Ҷоми Осиё беҳтар шуд. Дар моҳи июн мунтахаби Тоҷикистон чаҳор бозӣ анҷом дод – дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия дар Дубай шикаст хӯрд (0:1) ва ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ба даст овард. Инчунин дар ин мусобиқа бо дастаи Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард.

Гуфта мешавад, миёни дастаҳои қораи Осиё тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 20-ум қарор дорад.

Панҷгонаи аввали дастаҳои беҳтарини футболи ҷаҳон дар радабандии ФИФА чунин аст: Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия.

Байни дастаҳои Осиё мисли пешина тими Эрон пешсаф буда, дар зинаҳои баъдӣ Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Қатар қарор доранд.

Миёни кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон ба зинаи 77-ум баромада, Қирғизистон дар мақоми 95-ум боқӣ монд ва Туркманистон ба зинаи 135-ум поин рафт.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.