Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд

Asia-Plus

Дар назди яке аз маҷмааи истиқоматӣ дар деҳаи Коммунаркаи Москваи Нав ҳудуди 10 нафар муҳоҷирон ва посбонҳо ҷанҷолу занозанӣ карданд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи сешанбе як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.

“Муноқишаи шифоҳӣ байни муҳоҷирон ва посбонҳо ба ҷанҷолу занозании гуруҳӣ табдил ёфта, дар ҷараёни он иштирокчиён аз ҷӯбдастҳо истифода карданд. Дар ҷанҷол ҳамагӣ дастикам 10 нафар иштирок доштанд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ. Илова шудааст, ки дар бораи осебдидагон маълумот нарасидааст.

Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав ба ТАСС тасдиқ кардаанд, ки шоми 27 июн ба мақомоти пулис дар бораи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳраки Коммунарка хабар расидааст.

“Замони омадани кормандони пулис муноқишагарон ҷойи ҳодисаро тарк карда буданд. Айни замон кормандони пулис ба муайян кардани шахсияти афроди номаълум машғул буда, минбаъд масъалаи ҷалби онҳо ба ҷавобгарӣ мувофиқи қонун баррасӣ мешавад”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Telegram-канал «Многонационал» хабар медиҳад, ҷанҷол байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рух додааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар назди маҷмааи истиқоматии “Новая звезда” байни ду мард муноқиша сар зада, бо шунидани доду фарёд боз чанд нафари дигар ба ин ҷо меоянд ва занозанӣ шуруъ мешавад. Дар ҷанҷол аз сангу чӯбдастҳо истифода шудааст. Тавре ки шоҳидони ҳодиса хабар додаанд, дар ҷанҷол посбонҳо ҳам иштирок кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...