Ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати нишаст дар Қирғизистонро пазируфтанд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти навбатии чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки  дар Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон зимни сӯҳбати телефонии сарони кишварҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев хабар додааст.

"Зимнан зикр гардид, ки аллакай ҳамаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати ширкат дар ин нишастро пазируфтаанд", – омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ва рӯзномаи ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Баргузории нишасти навбатии сарони кишварҳои минтақа рӯзи 21 июл дар шаҳри Чолпон-Ато ба нақша гирифта шудааст.

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (расман – Мулоқоти машваратии сарони кишварҳо) – вохӯрии ҳамасолаи сарони кишвари минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Ташаббуси баргузории вохӯриҳои машваратӣ аз ҷониби Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳод гардида буд.

Маъмулан нишаст бонавбат дар яке аз ин панҷ кишварҳо доир мегардад.

Нишасти аввал баҳори соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон, вохӯрии дуюм – тирамоҳи соли 2019 дар Тошканд доир гардида, мулоқоти сеюм соли 2020 бояд дар Бишкек баргузор мешуд, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба таъхир афтод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...