Ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати нишаст дар Қирғизистонро пазируфтанд

Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти навбатии чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки  дар Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон зимни сӯҳбати телефонии сарони кишварҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев хабар додааст. "Зимнан зикр гардид, ки аллакай ҳамаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати ширкат дар ин нишастро […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти навбатии чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки  дар Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон зимни сӯҳбати телефонии сарони кишварҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев хабар додааст.

"Зимнан зикр гардид, ки аллакай ҳамаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати ширкат дар ин нишастро пазируфтаанд", – омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ва рӯзномаи ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Баргузории нишасти навбатии сарони кишварҳои минтақа рӯзи 21 июл дар шаҳри Чолпон-Ато ба нақша гирифта шудааст.

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (расман – Мулоқоти машваратии сарони кишварҳо) – вохӯрии ҳамасолаи сарони кишвари минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Ташаббуси баргузории вохӯриҳои машваратӣ аз ҷониби Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳод гардида буд.

Маъмулан нишаст бонавбат дар яке аз ин панҷ кишварҳо доир мегардад.

Нишасти аввал баҳори соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон, вохӯрии дуюм – тирамоҳи соли 2019 дар Тошканд доир гардида, мулоқоти сеюм соли 2020 бояд дар Бишкек баргузор мешуд, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба таъхир афтод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.