Шаббос Негматуллоев ба медали биринҷии аввалин мусобиқаи Ҷоми Элорда соҳиб шуд

Варзишгари маъруфи кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс – Ҷоми Элорда дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи кишвари мизбон Баиржан Баигоншеков, дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро мағлуб […]

Варзишгари маъруфи кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс – Ҷоми Элорда дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи кишвари мизбон Баиржан Баигоншеков, дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро мағлуб карда, вале дар нимфинал аз Танглатиан Аербекеи чинӣ шикаст хурда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Гуфта мешавад, намояндаи дигари Тоҷикистон Хусравхон Раҳимов дар вазни 57кг дар даври аввал аз варзишгари узбекистонӣ Дилшод Абдумуродов шикаст хӯрд.

Зикр мегардад, ки мусобиқа  бо иштироки 400 нафар варзишгарон аз 10 давлат 28-уми июн шуруъ гардида, имрӯз – 5 июл ба анҷом мерасад.

Қобили зикр аст, ки ғолибони мусобиқа ба иштирок дар Чемпионати Осиё, ки баргузориаш охири моҳи октябр – аввали моҳи ноябр дар назар аст, роҳхат мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.