Дар нишасти Самарқанд Эрон ба узвияти СҲШ пазируфта мешавад

Asia-Plus

Дар нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 15 ва 16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон доир мегардад, Эрон ба узвияти Созмон пазируфта мешавад. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов хабар додааст, менависад РИА Новости.

“Имсол дар доираи раёсати Ӯзбекистон Эрон ба сифати кишвари нозир ба ҳайати СҲШ қабул мешавад. Дар Самарқанд ҳамчунин дар бораи уҳдадориҳои Эрон ба ҳайси узви Созмон Ёддошт ба имзо мерасад”, – изҳор доштааст Норов рӯзи 11 июл зимни кори як мизи мудаввар дар Маскав.

Эрон, ки аз соли 2012 мақоми нозирро дар Созмон дорад, ҳанӯз соли 2008 дар бораи қабул ба ҳайати Созмон ба сифати узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод намуд, лекин бар асари реҷаи таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ нисбати Эрон, ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонд. Соли 2015 баъди ба истилоҳ муомилоти ҳастаӣ бо Эрон таҳримҳо нисбати ин кишвар бекор шуданд.

Номзадии Эронро сарони кишварҳои узви Созмон ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дастгирӣ карда буданд. Аз ҷумла 17 сентябри соли 2021 Владимир Путин зикр карда буд, ки Кремл ҳамеша ҷонибдори иштироки пуррааву ҳамаҷонибаи Тезрон дар кори СҲШ аст.

Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои баёнияи дахлдор аз ҷониби сарони кишварҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Афғонистон, Беларус ва Муғулистон – кишварҳои нозири Созмон, Озарбойҷон, Арманистон, Кммбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка – кишварҳои шарики Созмон мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳо байни кишварҳои Созмон дар сатҳҳои гуногун – аз таъмини сулҳу субот то табодули донишу технологияҳо дар илму фарҳанг ва маориф роҳандозӣ мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...