Владимир Путин аз оғози расмиёти пазируфтани Эрон ба узвияти СҲШ дастгирӣ кард

Русия ҷонибдори оғози расмиёти пазируфтани Эрон ба ҳайати Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аст. Дар ин бора рӯзи ҷумъаи 17 сентябр президенти Русия Владимир Путин хабар дод. Ӯ таъкид дошт, ки Русия ба масъалаҳои ҳамкории СҲШ бо кишварҳое, ки мехоҳанд бо ин созмон муколамаи ошкоро ва баробар барпо кунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, инчунин имкони пайвастан […]

Русия ҷонибдори оғози расмиёти пазируфтани Эрон ба ҳайати Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аст. Дар ин бора рӯзи ҷумъаи 17 сентябр президенти Русия Владимир Путин хабар дод.

Ӯ таъкид дошт, ки Русия ба масъалаҳои ҳамкории СҲШ бо кишварҳое, ки мехоҳанд бо ин созмон муколамаи ошкоро ва баробар барпо кунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, инчунин имкони пайвастан ба кори онро баррасӣ мекунад.

Путин дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ гуфт: "Русия тасмим дар бораи оғози тартиби қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба СҲШ-ро, ки ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ пешниҳод шудааст, дастгирӣ мекунад”.

Илова бар ин, Владимир Путин зикр кард, ки Русия инчунин додани мақоми шарикони муколама дар СҲШ ба Қатар, Миср ва Арабистони Саудиро истиқбол мекунад, менависад Известия.

Ҳамзамон, ӯ изҳор дошт, ки роҳ аз "чароғи сабз" барои узвият то ба узви воқеии созмон шудан вақти зиёдро мегирад, зеро ҳуҷҷатҳое, ки кишвари номзад бояд дар навбати аввал имзо гузорад, бояд тасдиқ карда шаванд.

Эрон, ки аз соли 2012 инҷониб мақоми нозир дар ин созмонро дорад, ҳанӯз соли 2008 барои пайвастан ба сафҳои он ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат карда буд, аммо узвияти он бо сабаби таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Теҳрон солҳои тӯлонӣ дар ҳолати номаълум қарор дошт.

Соли 2015, пас аз пайдоиши созишномаи ба истилоҳ ҳастаӣ бо Эрон, таҳримҳо бекор карда шуданд.

Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзи 17 сентябр дар Душанбе баргузор шуда, ба ҷашни 20-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон бахшида шудааст.

Дар нишасти СҲШ дар Душанбе мавзӯи Афғонистон мавзӯи калидӣ шуда, роҳбарони СҲШ дар бораи дидгоҳи худ оид ба вазъи Афғонистон изҳори назар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.