Дар нишасти Самарқанд Эрон ба узвияти СҲШ пазируфта мешавад

Дар нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 15 ва 16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон доир мегардад, Эрон ба узвияти Созмон пазируфта мешавад. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов хабар додааст, менависад РИА Новости. “Имсол дар доираи раёсати Ӯзбекистон Эрон ба сифати кишвари нозир ба ҳайати СҲШ қабул […]

Дар нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 15 ва 16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон доир мегардад, Эрон ба узвияти Созмон пазируфта мешавад. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов хабар додааст, менависад РИА Новости.

“Имсол дар доираи раёсати Ӯзбекистон Эрон ба сифати кишвари нозир ба ҳайати СҲШ қабул мешавад. Дар Самарқанд ҳамчунин дар бораи уҳдадориҳои Эрон ба ҳайси узви Созмон Ёддошт ба имзо мерасад”, – изҳор доштааст Норов рӯзи 11 июл зимни кори як мизи мудаввар дар Маскав.

Эрон, ки аз соли 2012 мақоми нозирро дар Созмон дорад, ҳанӯз соли 2008 дар бораи қабул ба ҳайати Созмон ба сифати узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод намуд, лекин бар асари реҷаи таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ нисбати Эрон, ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонд. Соли 2015 баъди ба истилоҳ муомилоти ҳастаӣ бо Эрон таҳримҳо нисбати ин кишвар бекор шуданд.

Номзадии Эронро сарони кишварҳои узви Созмон ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дастгирӣ карда буданд. Аз ҷумла 17 сентябри соли 2021 Владимир Путин зикр карда буд, ки Кремл ҳамеша ҷонибдори иштироки пуррааву ҳамаҷонибаи Тезрон дар кори СҲШ аст.

Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои баёнияи дахлдор аз ҷониби сарони кишварҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Афғонистон, Беларус ва Муғулистон – кишварҳои нозири Созмон, Озарбойҷон, Арманистон, Кммбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка – кишварҳои шарики Созмон мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳо байни кишварҳои Созмон дар сатҳҳои гуногун – аз таъмини сулҳу субот то табодули донишу технологияҳо дар илму фарҳанг ва маориф роҳандозӣ мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.