Дар Тоҷикистон ояндаи наздик номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин иваз мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ояндаи наздик Тоҷикистонро мавҷи нави табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин интизор аст.

Зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон хабар дода шуд, ки аз оғози соли 2021 то имрӯз дар Тоҷикистон номи 88 маҳаллаҳои аҳолинишин –  деҳаву шаҳрак ва ҷамоатҳо иваз шудаанд.

Охирин маҳаллаи аҳолинишине, ки номаш иваз шуд, ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мебошад, ки акнун “30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” номида мешавад.

Ғайр аз ин, ин маҳаллаи аҳолинишин мақоми ҷамоати шаҳракро гирифта, деҳаи Фақирободи ҷамоати мазкур “Обшорон” ном гирифт.

Ба гуфтаи раиси Раёсати ҳамоҳангсозии Кумита Ҷаъфар Мирзозода, ивазкунии номи маҳаллаҳои аҳолинишин раванди доимӣ буда, боз идома меёбад.

Мирзозода гуфт, ояндаи наздик як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ, аз ҷумла ҷамоатҳои ноҳияи Мурғоб ва ду шӯрои шаҳракҳои шаҳри Хоруғ табдили ном мекунанд.

“Ҳамаи номҳои номатлуб ва ҳамчунин маҳаллаҳои аҳолинишине, ки бо номи афроди ношинос номгузорӣ шудаанд, иваз карда мешаванд”, – иброз дошт ӯ.

Роҳбари Раёсати Кумита изҳор намуд, ки аз ҳама бештар номи маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Лахш иваз карда шуданд, ки бо шумули деҳаву ҷамоатҳо 38 ададро ташкил медиҳанд.

“Ғайр аз ин, ҳамаи марказҳои ноҳия бояд мақоми шаҳракро дошта бошанд. Ҳозир бошад, марказҳои маъмурии бархе аз ноҳияҳо то ҳол “деҳот” номида мешаванд. Дар назар аст, ки зерсохтори онҳо ба талаботи шаҳракҳо мувофиқ карда мешавад”, – гуфт номбурда.

Зикр шуд, ки айни замон бо Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати адлия ва дигар вазорату идораҳои марбута номҳои нави иншооти ҷуғрофӣ мувофиқа мешавад. Сипас ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба ҳукумат ва парлумон пешниҳод мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...