Сардори Хадамоти гумрук: Баста шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон қочоқро аз байн бурд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон басташавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистонро як сабукӣ номид ва гуфт, он имкон дод, ки қочоқи молу маҳсулот байни ду кишвар ба таври чашмрас кам ва ҳатто аз байн равад.

Хуршед Каримзода, сардори хадамоти гумрук, имрӯз, 13 июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ки  то ҳол 5 гузаргоҳи сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст, вале тавассути кишвари сеюм молу маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ӯ афзуд, молу маҳсулоти ин кишвар тавассути кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад ва дар шаш моҳи соли равон гардиши молӣ бо Қирғизистон  ҳамагӣ 6,6 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8 млн доллар кам мебошад.

Ба таъкиди роҳбари ин ниҳод, қисми асосии гардиши молӣ байни ду кишварро воридот аз Қирғизистон ташкил медиҳад, ки 6,3 млн долларро дар бар гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, асосан аз ин кишвар ангишт ворид шудааст.

– Дар замоне ки сарҳадҳо боз буд, қочоқи молу маҳсулот байни ду кишвар дар як дарҷаи муайян ҷой дошт. Ба ғайр аз қочоқи мол, дар бозорҳои наздисарҳадӣ аҳолии ду кишвар молу колоҳоро харидорӣ ва ғайриқонунӣ ба кишварҳои якдигар мегузарониданд. Танҳо дар бозори наздисарҳадие, ки дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаст, 36 нуқтаи фуруши сӯзишворӣ ва мағозаҳои фурӯши яклухт ва хӯрока ҳисоб кардем. Қочоқи молу маҳсулот муташаккилона ба роҳ монда шуда буд. Бо баста шудани сарҳад дар ин самт баъзе сабукиҳо шуд. Қариб, ки қочоқ ошкор намешавад. Вале вақте аҳолӣ ба ҳам наздиканд, хоҳем нахоҳем, байни аҳолӣ додугуруифт мешавад,- гуфт Каримзода.

Ёдовар мешавем, ки сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии хунини охири моҳи апрели соли 2020, ки дар он аз ҳарду тараф 50 кас кушта ва беш аз 300 нафар захмӣ  шуданд, пурра баста шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, сари чанд муддат ҷангу даъвоҳо барои замин, сохтмон, об ва роҳ сар мезанад. Ва дар ниҳоят чанд захмиву кушта ба ҷой мегузорад, ки аксаран мардуми мулкӣ қурбони ин муноқишаҳои марзӣ мегарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...